Идораи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои табиӣ» мақолаҳои илмиро дар доираи самтҳои дар мавзуи нашрия мавҷудбуда барои чоп қабул мекунад. Муаллифон ҳангоми таҳия ва пешниҳоди мақолаҳо бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ дошта бошанд:

1.Мақолаҳо ба идораи маҷалла дар шакли электронӣ ва чопӣ пешниҳод карда мешаванд.

2.Мақола дар вироишгари матни WinWord(формати А4) бо ҳуруфи Times New Roman чоп шуда, бояд ҳошияҳои саҳифаҳо 2 см, ҳаҷми ҳарфҳо 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,0 бошад.

3.Ҳаҷми матлуби мақола якҷо бо аннотатсия ва рӯйхати адабиёт аз 10 то 16 саҳифа мебошад.

4.Дар аввали мақола индекси ТДУ (УДК) дар тарафи чапи саҳифа гузошта мешавад.

5.Маълумот дар бораи муаллиф(он), номи мақола, матни аннотатсия ва калидвожаҳо бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд.

6.Насаб, ном ва номи падар (пурра), унвон, дараҷаи илмӣ, вазифа, ҷои кор ва суроғаи он, почтаи электронӣ ва шумораи телефони муаллиф(он) дар сатрҳои алоҳида зери ҳам навишта мешаванд.

7.Аннотатсия бояд 100 - 200 вожаро фаро гирифта, дар он хулосаи муҳтавои мақола ва натиҷаҳои таҳқиқот дарҷ гардад. Истифодаи ибораҳои умумӣ ва ҷузъиёти беаҳамияти мавзуъ зарурат надорад.

8.Калидвожаҳо аз ҳамдигар бо аломати вергул ҷудо карда шуда, бояд фарогири 5-10 калима ва ибораҳои зарурии мавзуъ бошанд.

9.Дар матни мақола овардани истинод ба манбаи истифодашуда ҳатмӣ мебошад. Истинод ба манбаъ пас аз матни иқтибосшуда бо нишон додани рақами тартибии манбаи иқтибос ва саҳифаи мавриди назари он дар дохили қавсайни чоркунҷа оварда мешавад, масалан: [5, с. 24].

10.Рӯйхати адабиёт пас аз матни мақола ба тартиби алифбо дар шакли феҳристи библиографӣ оварда мешавад. Феҳристи библиографӣ мутобиқи талаботи ГОСТ таҳия карда шуда, дар он нахуст номгӯи адабиёти кириллӣ ва сипас адабиёти хориҷӣ меояд.

11.Дар рӯйхати адабиёт ҳангоми овардани монография, луғатнома, автореферат ва дигар намуди китобҳо овардани ҷой (шаҳр, нашриёт) ва соли нашр, шумораи умумии саҳифаҳо ва барои мақола, фишурда, боб ё фасли китоб ва монанди ин қайд намудани саҳифаҳои онҳо ҳатмист.

12.Рӯйхати адабиёт бояд на кам аз 10 манбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла на кам аз 30% таҳқиқоти илмии дар дохили кишвар ба нашр расидаро фаро гирад. Номгӯи адабиёти мансуб ба муаллиф набояд беш аз 25%-и рӯйхати адабиётро ташкил диҳад.

13.Тавсия дода мешавад, ки аз таҳқиқотҳои доир ба мавзуи мақола қаблан дар нашрияҳои илмии тақризшаванда, хусусан дар маҷаллаи “Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ” нашргардида истифода бурда шавад. Инчунин ба нашри мақолаҳое, ки дар онҳо ба таҳқиқотҳои анҷомёфтаи солҳои охир ва манбаъҳои муътамад истинод сурат гирифтааст, бартарӣ дода мешавад.

14.Маҷалла мақолаҳои илмиеро, ки дорои зиёда аз ду ҳаммуаллиф мебошанд (ба истиснои таҳқиқотҳои таҷрибавӣ), нашр намекунад.

15.Мақолаҳои аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) бо тавсияи роҳбари илмӣ ва мақолаҳои магистрантон дар ҳаммуаллифӣ бо номзади илм ё доктори илм қабул карда мешаванд.

16.Мақолаҳое, ки қаблан дар дигар нашрияҳо ба нашр расидаанд ё барои чоп супорида шудаанд, қабул карда намешаванд. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки мақолаи илмиро ихтисор ва ё ислоҳ намояд.

17.Матни маводи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд таҳриршуда ва беғалат бошад. Масъулияти боэътимодии аснод, рақамҳо ва муҳтавои мақолот бар дӯши муаллиф(он) мебошад.

18.Дар ҳолати риоя нашудани талаботҳои дар боло зикршуда идораи маҷалла ҳақ дорад, ки чунин мақолаҳоро баррасӣ нанамояд.  

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки ба идораи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои табиӣ» ворид мешаванд, ба таври ҳатмӣ аз ташхиси мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешаванд.

Дастнависи мақолаҳои илмии ба идораи маҷалла воридгардида нахуст аз тарафи котиби масъул бо мақсади мутобиқат бо самтҳои мавзуии маҷалла ва талаботи муқарраршуда ба таҳияи мақолаҳои илмӣ («Қоидаҳои таҳияи мақолаҳо») аз назар гузаронида мешавад. Ҳангоми ба талаботи мавҷуда ҷавобгӯй набудан дастнависи мақола пеш аз ба тақриздиҳӣ супоридан барои бартараф кардани номувофиқатиҳои ҷойдошта ба муаллиф баргардонида мешавад. Пас аз ташхиси пешакӣ дастнависи мақолаҳо барои тақризнависӣ ба дасти муқарриз супорида мешавад.

Барои навиштани тақриз аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва ҳангоми зарурат дигар олимону мутахассисон, ки дар давоми 3 соли охир дар мавзуи мақолаи баррасишаванда таҳқиқоти илмӣ доранд, ҷалб карда мешаванд. Муҳлати тақриздиҳӣ ба мақолаҳои воридшуда аз ду ҳафта то як моҳро фаро мегирад. Ҳаҷми тақриз на камтар аз як саҳифаро ташкил медиҳад.

Тақриз бояд таҳлили коршиносонаи матни мақола ва баҳодиҳии холисонаи он, аз ҷумла мубрамият, навоварии илмӣ ва аҳамияти амалии онро дар бар гирад. Муқарриз ба идораи маҷалла баҳодиҳии илман асосноки дастнависро бо тавсияҳои ба нашр расонидан бидуни тағйирот, такмил додан ё рад кардани мақола пешниҳод мекунад. Дар ҳолати ба мақола додани тақризи мусбат он барои чоп қабулшуда ҳисобида мешавад.

Агар дар тақриз тавсия барои такмил додани дастнависи мақола мавҷуд бошад, дар ин сурат мақола бо қайдҳои муқарриз барои коркард баргардонида мешавад. Муаллиф бояд ҳамаи эродҳоро дар варианти ниҳоии дастнавис бартараф намояд ё онҳоро қисман ё пурра бо далелҳои муътамад рад намуда, матни ислоҳшударо бо нишон додани такмилу иловаҳо ҳамроҳи нусхаи пештарааш ба идораи маҷалла аз нав пешниҳод намояд. Баъд аз такмил додани мақола такроран ба он тақриз навишта мешавад ва идораи маҷалла оид ба нашри он қарор қабул мекунад.

Тартиби интишори мақолаҳо бар асоси санаи воридшавии варианти ниҳоии онҳо муайян карда мешавад. Мақолаҳое, ки ба масъалаҳои бисёр муҳими илмӣ мепардозанд ва ҳамчунин дорои иттилооти комилан нав ҳастанд, метавонанд бо тасмими ҳайати таҳририя бенавбат мунташир шаванд.

Тақризнависии дастнависҳо ба таври махфӣ амалӣ карда мешавад. Ба муқарризон нусхабардорӣ кардани дастнависҳо барои эҳтиёҷи худ иҷозат дода намешавад. Муқарризон ва кормандони идораи маҷалла то замони ба нашр расидани дастнависҳо ҳуқуқи истифода бурдани маълумоти дар онҳо ҷойдоштаро барои манфиатҳои шахсии худ надоранд.

Тақриз дар сурати дархости хаттӣ бидуни имзо ва нишон додани ному насаби муқарриз ба муаллиф пешниҳод карда мешавад. Муаллифони мақолаҳое, ки муқарризон барои чопи онҳо тавсия надодаанд, дар давоми 10 рӯзи пас аз дарёфти тақризи манфӣ огоҳ карда мешаванд. Идораи маҷалла ба муаллифон раддияи мудаллалро бо замимаи тақриз бе зикри номи муқарризон ироа мекунад. Мақолаҳои бо тавсияи муқарризон радшуда маротибаи дигар барои баррасӣ пазируфта намешаванд.

Тақризҳо дар идораи маҷалла дар давоми 5 сол нигоҳ дошта мешаванд. Идораи маҷалла ҳангоми ворид гардидани дархости дахлдор уҳдадор мешавад, ки нусхаи тақризҳоро ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия пешниҳод намояд.

Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои табиӣ» таҳқиқотҳои асили илмиро дар самти илмҳои зерин ба нашр мерасонад.

Мавзуъҳои асосӣ:

·Илмҳои географӣ: Георафияи табиӣ ва биологӣ, географияи хок ва геохимияи манзараҳои замин; Географияи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва рекреатсионӣ.

· Илмҳои химия: Химияи ғайриорганикӣ; Химияи органикӣ; Химияи физикӣ

·Илмҳои биологӣ: Физиология ва биохимияи растаниҳо; Ботаника; Зоология; Физиология