СармуҳаррирИбодуллозода Аҳлиддин Ибодулло – доктори илмҳои таърих, профессорректори ДДОТ ба номи САйнӣ

Телефон: (+ 992 37) 224-13-83

E-mailЭтот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. Бахши илмҳои табиӣ» усулҳои ахлоқии нашри мақолаҳоро, ки аз ҷониби ҷомеаи мутамаддин пазируфта шудаанд, риоя намуда, ҳамчунин таҷрибаи арзишманди маҷаллаҳо ва нашрияҳои бонуфузи байналмилалиро ба инобат мегирад.

Барои таъмини сифати баланди маводди нашршаванда ва эътирофи натиҷаҳои илмии муаллифон аз ҷониби ҷомеа ҳар як узви ҳайати таҳририя, муаллифон, муқарризон ва ношир вазифадоранд, ки меъёру қоидаҳои ахлоқиро риоя намуда, барои пешгирии вайронкунии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд. Риояи қоидаҳои ахлоқии интишори маводди илмӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни ин раванд ба кафолати ҳуқуқи муаллифон ба моликияти зеҳнӣ, баланд бардоштани сифати нашр ва аз байн бурдани имкони суиистифода аз маводи муаллифӣ ба манфиати шахсони алоҳида мусоидат мекунад.

 

Принсипҳои этикаи касбӣ дар фаъолияти ношир

Ношир дар фаъолияти худ барои нашри мақолаҳои илмии муаллифон масъул буда, риояи принсипҳо ва тартиботи асосии зеринро бояд дар назар дошта бошад:

•Барои иҷрои уҳдадориҳои ахлоқӣ аз ҷониби кормандони маҷалла, ҳайати таҳририя, муаллифон ва муқарризон мусоидат карда мешавад.

•Махфияти иттилооти дастнависи муаллифон ва ҳама гуна маълумот то лаҳзаи ба нашр расидани он таъмин мегардад.

•Барои кормандони идораи маҷалла барои рад намудани маводди дорои плагиат ва иттилооти нодуруст шароит фароҳам оварда мешавад.

•Корманди масъули маҷалла ҳуқуқ дорад дастнависи мақоларо, ки дар   он қоидаҳои таҳияи мақола риоя нашудааст, баргардонад ё аз муаллиф такмили онро талаб намояд.

Муқарриз ба идораи маҷалла баҳодиҳии илман асосноки дастнависро бо тавсияҳои рад кардан, иловатан кор кардан ва ё интишори он бидуни ворид кардани тағйирот пешниҳод мекунад. Ба танқиди шахсияти муаллифи мақола роҳ додан манъ аст.

Агар муқарриз салоҳияти худро доир ба мазмуни дастнавис нокифоя донад ва ё бо сабабҳои дигар ба он баҳои воқеӣ дода натавонад, бо мақсади тақризи мақола аз ҷониби мутахассиси дигар ба идораи маҷалла муроҷиат менамояд.

•Дар сурати барои чоп қабул шудан мақола дастраси умум мегардад ва ҳуқуқи муаллифӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

•Маълумот дар бораи дастгирии молиявии таҳқиқот, агар муаллиф онро дар мақола пешниҳод карда бошад, нашр карда мешавад.

•Ба мазмуну муҳтавои дастнависҳо аз ҷониби ҳайати таҳририя новобаста аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, динӣ, гендерӣ ё шаҳрвандӣ баҳои холисона дода мешавад.

•Ҳангоми ошкор шудани хатоҳои техникӣ ҳайати таҳририя уҳдадор мешавад, ки барои ислоҳи онҳо чораҷӯӣ намояд.

•Таҳриру ислоҳоти вироишии дар матн анҷомшуда бо муаллифон мувофиқа карда мешавад.

•Интишори шумораҳои маҷалла бе сабабҳои узрнок ба таъхир гузошта намешавад.

 

Принсипҳои ахлоқӣ барои муаллифони мақолаҳо

Муаллифон бо пешниҳоди мавод ба идораи маҷалла эътироф мекунанд, ки масъулияти асосӣ барои навгонӣ ва саҳеҳии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ба дӯши онҳост ва риояи принсипҳои зерин зарур аст:

•Муаллифони мақола бояд натиҷаҳои воқеии таҳқиқоти анҷомшударо пешниҳод намоянд. Изҳоротҳои нодуруст ё ҷаълӣ қобили қабул нестанд.

•Муаллифон бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки натиҷаҳои таҳқиқот дар дастнависи пешниҳодшуда комилан аслӣ мебошанд. Иқтибосҳо бо зикри номи ҳатмии муаллиф ва сарчашмаи асосӣ бояд оварда шаванд. Иқтибосоварии барзиёд, плагиат дар ҳама шаклҳояш, аз ҷумла иқтибосҳои ишоранашуда, бознависӣ ва тасарруфи натиҷаҳои таҳқиқоти дигарон ғайриахлоқӣ ва ғайри қобили қабул аст. Мавҷудияти иқтибос бе истинод ба сарчашмаи он аз ҷониби ҳайати таҳририя ҳамчун плагиат маҳсуб мешавад.

•Ба чопи такрории дастнависҳо иҷозат дода намешавад. Муаллиф бояд ҳангоми пешниҳоди мақола таъйид намояд, ки он бори аввал нашр мешавад ва ба дигар маҷалла барои чоп пешниҳод нашудааст. Агар унсурҳои алоҳидаи дастнавис пештар чоп шуда бошанд, муаллиф бояд ба таҳқиқоти пештара истинод намояд.

•Зарур аст саҳми ҳамаи олимоне, ки дар анҷом ёфтани таҳқиқот саҳм гузоштаанд, зикр карда шавад ва инчунин ба корҳои илмие, ки ба раванди таҳқиқот таъсир гузоштаанд, истинод сурат гирад.

•Муаллифон ҳангоми нақд ё изҳори назар дар мавриди таҳқиқоти шахсони сеюм бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя кунанд.

Ба ҳайси ҳаммуаллиф танҳо онҳое метавонанд бошанд, ки дар гузаронидани тадқиқот саҳм гузоштаанд. Масъулияти муҳтавои мақола бар дӯши ҳамаи муаллифони он аст.

Муаллифон вазифадоранд, ки ба кори ҳайати таҳририя ва муқарризон эҳтиром гузоранд ва камбудиҳои зикршударо ислоҳ кунанд ё онҳоро бо далелҳо шарҳ диҳанд.

•Муаллифон бояд дастнависҳоро мувофиқи қоидаҳои дар маҷалла қабулшуда таҳия ва пешниҳод кунанд.

•Дар сурати пайдо шудани хато ё носаҳеҳии ҷиддӣ дар мақола дар марҳилаи баррасӣ ё баъди интишор, муаллиф вазифадор аст, ки зуд ба идораи маҷалла хабар диҳад.

Муртазоев Уктам Исматович- доктори илмҳои георафия, профессори кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Муҳаббатов Холназар Муҳаббатович - доктори илмҳои георафия, профессори кафедраи туризм ва методикаи таълими фанни географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Раҳимов Абдулфаттоҳ — доктори илмҳои георафия, профессор, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Абулхаев Владимир Ҷалолович - доктори илмҳои химия, профессор, муовини директор оид ба илми Институи химияи ба номи Никитини Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бадалов Абулхайр Бадалович - доктори илмҳои химия, узви вобастаи АМИТ, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич - доктори илмҳои химия, узви вобастаи АТТ, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 

Бобизода Ғуломқодир Мукаммал - доктори илмҳои биологӣ, узви пайвастаи АТТ, профессори кафедраи химияи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Муродиён Асрор - доктори илмҳои техникӣ, дотсент, муовини директор оид ба илми Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқоти ТАЛКО

Раҳимова Мубаширахон - доктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Раҷабзода Сироҷиддин Икром - доктори илмҳои химия, дотсент, директори Институи илмӣ татқиқотии Донишгоҳи милии Тоҷикистон

Раҷабов Умаралӣ - доктори илмҳои химия, профессори кафедраи заҳршиносии Донишгоҳи давлатии тиббиии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Сафармамадзода Сафармад Муборакшо - доктори илмҳои химия, профессор, муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҷураев Тухтасун Ҷураевич - доктори илмҳои химия, профессори кафедраи металургияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

Мирзораҳимов Акобир Каримович - доктори илмҳои биологӣ, дотсент, декани факултети биологяи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ 

Раҳимов Сафарбек - доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон

Сатторов Раҳматулло - доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи милии Тоҷикистон

Сатторов Тоҳирҷон - доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

Устоев Мирзо - доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи физиологияи Донишгоҳи милии Тоҷикистон

Холбеков Мирзоҳамдам - доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи биологияи тиббиии Донишгоҳи давлатии тиббиии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино